Иштироки занону бонувони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерташкилотҳои он дар Фестивали "Сад ранги чакан" ва аксияи тарғиботии "Тоҷикона мепӯшем"
Занону бонувони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерташкилотҳои ондар Фестивали "Сад ранги чакан", ки дар “Амфитеатр” ва аксияи тарғиботии "Тоҷикона мепӯшем", ки дар Боғи Умари Хайёми шаҳри Душанбе баргузор гардид бо намоиши либоси тоҷикона, ки зеби ҳар як зани тоҷик аст фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳои мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, намоиши ҳунари волои тарроҳон, тақвияту сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоъҳои миллӣ, густариши санъати чакандӯзӣ бо омезишу таҷассуми нақшу нигори миллӣ ва ҳарчӣ бештар ташвиқу тарғиб намудани моҳият ва мазмуни либоси миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот