Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоЧорабиниҳоДар «Боғи кӯдакон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ҷараён дорад

Дар «Боғи кӯдакон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода ҷараён дорад

08.07.2023 211

Субҳи имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар майдони «Боғи кӯдакон»-и пойтахт  намоиш -фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода доир гашт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар намоиш-фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди  сокинону меҳмонони пойтахт гардид.

Бояд тазаккур дод, ки намоиш-фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ то соати 11:00 идома меёбад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, маҳсулоти ниёзи худро аз ин макон харидорӣ намоянд.

Хотиррасон мешавем, ки шуруъ аз 1 июл то 3 сентябри соли равон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор менамоянд.

Вақти баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ва таомҳои миллӣ аз соати 8 то 11 ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангиву адабӣ аз соати 17:00 то 20:00 муқаррар карда шудааст.