Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоКорхонаи воҳиди давлатии «Мадад»

Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад»

30.07.2023 904

Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 26 апрели соли 2008 таҳти рақами № 191 «Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Корхонаи вохиди давлатии «Мадад» таъсис дода шудааст.

КВД «Мадад» аввалин маротиба бо қарори Шӯрои вазирони ҶСС Тоҷикистон аз 18 апрели соли 1961, № 161 бо номи Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикселхозтехника» бунёд гардидааст. Солҳои минбаъда дар давоми 30 сол бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо номҳои Комитети давлатии селхозтехникаи ҶСС «Тоҷикистон»,  Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикагротаъминот», Комитети хизматрасонии модди-техникӣ ва таъминоти моддии КАС «Агропромтехснаб», Комитети «Тоҷикагропромтехснаб» фаъолият кардааст.

Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад» бо мақсади хизматрасонӣ ва таъминоти хоҷагии қишлоқ бо техника, мошинолот ва қисмҳои эхтиётӣ, таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ташкил карда шуда, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармону амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Оинномаи қорхона ба амал мебарорад.Корхона шахси ҳуқуқии мустақил буда, дорои ҳуқуқии идоракунии хоҷагидорӣ, хароҷотнома, дар ҳолатҳои муқараркардаи қонунгузорӣ муозинаи мустақил, суратҳисоби бонкӣ, аз ҷумла бо арзи хориҷӣ, мӯҳр, штамп, бланкаҳои фирмавӣ ва ғайра мебошад. Ба Корхона иҷозат дода шудааст, ки ба фаъолияти даромаднок машғул шавад. Даромад ва амволи аз даромад бадастовардашуда пурра ба ихтиёри Корхона гузошта дар мувозинати (баланси) алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад. Корхона худмаблағгузор буда дар асоси даромадҳои ба дастовардашуда фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

КВД «Мадад» барои мустаҳкам намудани заминаи модди-техникии соҳаи кишоварзии мамлакат пайваста ғамхорӣ намуда, ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳо, ва корхонаҳои кишоварзӣ, умуман деҳқонони ҷумҳурӣ ба техникаи кишоварзӣ, мошинолотҳо ва қисмхои эҳтиётӣ расонидани хизматрасонии дилерӣ ва кафолати сервисӣ аз Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Украина, Белоруссия, Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия ва дигар давлатҳо дар асоси қарордод ба қаламрави ҷумҳурӣ воситаҳои истеҳсолот ворид намуда истодааст. Дар Корхона ҳаҷми гардиши мол ҳамасола 6-7млн. сомониро ташкил менамояд.