Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоКорхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварӣ «Асали Тоҷикистон»

Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварӣ «Асали Тоҷикистон»

30.07.2023 867

Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва ин корхона аз соли 1958 то инҷониб дар маҳаллаи Яккатоли шаҳри Ваҳдат ҷойгир буда  бо унвонии Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварӣ «Асали Тоҷикистон» дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Мақсади асосии фаъолияти корхона тибқи Оинномаи тасдиқгардида ин расонидани ёрии амалӣ ва таъмини занбӯрпарварони ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият ва фаъолияташон бо асбобу анҷомҳои соҳаи занбӯриасалпарварӣ, тайёр намудани муми варақин, омода намудани оилаҳои хурди занбӯри асал, ҷорӣ намудани технологияи муосир, ба роҳ мондани корҳои хушзоткунӣ, расонидани ёрии зооветеринарӣ, инчунин гузаронидани озмуну чорабиниҳо ва семинарҳои ҷумҳуриявӣ мебошад. Соли 1956 дар Корхона сеҳи махсуси мумварақбарорӣ ташкил карда шуд ва айни замон фаъолият намуда истодааст.

Корхона тариқи шартномаи тарафайн ба занбӯрпарварони ҷумҳурӣ оилаҳои занбур бо қуттӣ, хурока, доруворӣ ва дигар асбобу анҷомҳои соҳа дода мешавад то инки занбӯрпарвар ба ягон асбобу анҷом эҳтиёҷ надошта бошад.  Занбӯрпарвар оилаҳои додашударо дар давоми сол 25 % афзоиш дода ба корхона ҳамасола аз як оилаи занбӯри асал ба миқдори 5 кг асали молӣ месупорад ва боқии асал дар ихтиёри занбӯрпарвар мемонад.

Занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии тоҷикистон яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад ба шумор рафта дар таъмини аҳолии деҳот ба ҷойҳои нави корӣ ва дар иҷрои Барномаи амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фоизи онро куҳҳо ташкил медиҳанд барои парвариши оилаҳои занбӯри асал мусоид мебошад.

 Бо назардошти имкониятҳои васеи ҷумҳурӣ, миқдори зиёди дарахтон, растаниҳои гарддиҳанда ва шаҳдҷудокунандаи табиии ҷумҳурӣ, ки шумораашон ба 173 адад мерасад ва дар майдони зиёда аз 3,8 млн. гектар доман паҳн намудаанд, имкон фароҳам меоварад, ки шумораи оилаҳои занбӯри асалро ба 600 ҳазор ва истеҳсоли солонаи асали молиро ба 12-14 ҳазор тонна расонем. 
 
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо мақсади рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 маротиба барномаи соҳавӣ қабул гардида дутои он бо мувафақият ба анҷом расонида шуда, айни замон барномаи сеюми соҳа мавриди амал қарор дорад. 

Барномаи якум «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2011», буд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 сентябри соли 2005 таҳти № 338 қабул гардида,  ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшид.

Барномаи дуюми соҳа ин «Барномаи рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бари солҳои 2011-2016» мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи  сентябри соли 2010 таҳти № 418 қабул гардидааст. 

Бо назардошти потенсиали бойи ҷумҳурӣ ва имкониятҳои зиёд доир ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва дар оянда ба ҷойҳои нави кори таъмин намудани аҳолии деҳот, ҷалби онҳо ба ин соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 таҳти № 160 «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» қабул гардид, ки яке аз самтҳои асоси он занбӯриасалпарварӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи амалишавии Барномаи мазкур ба соҳаи занбӯриасалпарварӣ ҳамасола маблағҳои муайяни буҷетӣ пешбини гардидааст, ки мувофиқ ба ин оилаҳои занбӯри асал, хӯрока ва дигар асбобу анҷомҳои соҳа харидорӣ карда мешавад.
Барои содироти асали молӣ ба давлатҳои аврупо Корхона дар ҳамкорӣ бо Маркази Тиҷорати Тоҷикистон бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии савдо дар доираи лоиҳаи «Дастрасии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои содиротӣ тавассути низоми беҳтаргардонидаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» 104 намунаи асали молии Тоҷикистонро ба яке аз лабораторияҳои дорои акредитатсияи байналмилаллии Олмон барои санҷиши сифат ва бехатарӣ равон кард, ки баъди санҷиши сифат ва бехатарӣ асали Тоҷикистон дар бозорҳои аврупо ба фурӯш бароварда мешавад. 

Маврид ба зикр аст, ки асали Тоҷикистон аз рӯи сифат дар Конгресси чоруми байналмилалӣ оид ба занбӯрпарварӣ ва намоиши асали кӯҳӣ, ки дар Давлати Туркия аз 5 то 9 ноябри соли 2014 баргузор гардид, соҳиби ҷойизаи бринҷӣ дониста шуд.  Инчунин соли 2015 дар «Продэкспо-2015», намоиши 22-юми байналмилалии маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо дар Федератсияи Россия асали Тоҷикистон соҳиби медали тилло гардид.