КВД «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон»
30.07.2023 983
Корхонаи воҳиди давлатии «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон» фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ», Оинномаи Корхона, Нақшаи кории Корхона, фармоишҳо ва супоришҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти Корхона мансубанд ба амал мебарорад.
Корхона тибқи Оинномаи худ, бо хоҷагиҳои тухмипарвари ҷумҳурӣ, махсусан истеҳсолкунандагони тухмии зироатҳои кишоварзӣ дар асоси шартномаҳо ва ташкил намудани ҳамкориҳои дуҷониба созишномаҳо баста, тухмиҳоеро ки дорои сертификати сифат мебошанд, дар анбори худ захира ва тоза намуда, фурӯши онро ба хоҷагиҳои кишоварзии ҷумхурӣ ва шахсони алоҳида ба роҳ мондааст.