Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоКВДҶ “Тоҷикагролизинг”

КВДҶ “Тоҷикагролизинг”

30.07.2023 1 052

КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, №597 таъсис дода шудааст.

Корхона фаъолияти худро дар асоси Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Корхона анҷом медиҳад. 

Тамоми маблағгузориҳои Корхона ва дигар хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ аз ҳисоби фаъолиятҳои хоҷагидории Корхона анҷом дода мешавад. 

Самтҳои фаъолияти Корхона дар асоси Оиннома:

  • харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ (трактору комбайн, воситаҳои нақлиётӣ ва дигар мошинҳои кишоварзӣ) ва дар асоси шартномаҳои лизингӣ ба хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ  ва корхонаю ташкилотҳои соҳаи кишоварзӣ барои истифодабарӣ додан бо шарти дар муҳлати муайян намудаи шартномаҳо баргардондани маблағ ва додани онҳо ба истифодабарии шахсӣ;
  • ташкил намудани Марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ва дигар намуди хизматрасониҳи техникие, ки ба муносибатҳои лизингӣ алоқамандӣ дошта, ба аҳолӣ новобаста аз шакли моликияташ хизмат мерасонад.

Маҷмуан дар корхона дар Дастгоҳи марказӣ тибқи ҷадвали аслбандӣ 36 нафар, шартномавӣ 28 нафар кору фаъолият менамоянд. Ғайр аз ин дар филиалҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ШНТҶ 17 нафар кормандон тибқи ҷадвали аслбандӣ ҳамчунин  дар 60 Маразҳои  хизматрасонии техникӣ 55 нафар сардорони Марказҳо тибқи шартнома, маҷмуан дар корхона боназардошти филиалҳо, Марказҳои хизматрасони техникӣ ва шартномавиҳо 141 нафар кор мекунанд.

Аз рӯи ихтисос дар корхона зиёда аз 25 нафар муҳандисони техникӣ, 16 нафар иқтисодчиёни дорои маълумоти олӣ ва 25 нафар кормандони маълумоти миёнаи техникӣ дошта кор мекунанд. 

Дар як муҳлати кӯтоҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 60 Марказҳои хизматрасонии техникӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон-25 адад, дар вилоят Суғд-13 адад, Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон-8 адад ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-14 адад таъсис дода шуд, ки ба хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва секторҳои хусусӣ кумакҳои техникӣ мерасонанд. Дар таъсис додани Марказҳои хизматрасонии техникӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад ва ба ин хотир бо Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Марказҳои хизматрасонии техникӣ  130 адад трактор, 130 адад таҷҳизот ба маблағи 10,9 млн сомонӣ (3.1 млн доллари ИМА) ба таври бебозгашт дода шуд.

КВДҶ “Тоҷикагролизинг” дар давоми солҳои 2008-2020 ва семоҳаи соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ, кумакҳои ҳукуматӣ, лоиҳаҳои грантӣ ва фонди шарикӣ 2072 адад техникаҳои гуногунтамға, 5642 адад таҷҳизотҳоро ба маблағи 397 млн харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид намудааст.

Оид ба гузаронидани амалиётҳои иҷораи молиявӣ (лизингӣ) бо мақсади таъмин намудани секторҳои хусусӣ новобаста аз шакли моликияташон ва истеҳсолкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ бо захираҳои зарурии техникӣ корҳои фаъол анҷом дода шуда, бо зиёда аз 2522 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ба маблағи 316,5млн  сомонӣ шартномаҳои лизингӣ баста шуда, ба онҳо зиёда аз 2005 адад тракторҳо ба муҳлати аз 3  то 4 сол,  55 адад комбайнҳои ғалладарав ба муҳлати 5 сол, 2940  адад таҷҳизотҳои кишоварзӣ ба муҳлати аз 1,5 то 2 сол ба иҷораи молиявӣ дода шудааст.