Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвар «Тоҷикниҳолпарвар»
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвар «Тоҷикниҳолпарвар» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2008, таҳти №191 Низомнома ва сохтори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, дар асоси ин қарор ва бо мақсади мутобиқ сохтани ҳуҷатҳо бо қонунгузории амалкунанда, ҳуҷатҳои он ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.
Корхона дар тобеияти худ 13 хоҷагии ниҳолпарварӣ дорад, ки дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Аз он ҷумла хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии «Искич»-и шаҳри Ҳисор, хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав, хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Рустам Абдураҳими ноҳияи А. Ҷоми, хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии «Бустонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён, хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ, хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Данғара, хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии шаҳри Панҷакент, хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии шаҳри Истаравшан, хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Фармонқул Анорқулови ноҳияи Ашт, хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Б. Ғафуров, хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии шаҳри Турсунзода, хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Ҷеенбой Қамарови ноҳияи Лахш ва хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Тоҷикобод.
Хоҷагиҳои зертобеи корхона дорои 6801,9 гектар заминҳои кишоварзӣ мебошанд, ки аз ин 1118,04 гектар оби ва аз он ҷумла 93,6 гектар заминҳо ниҳолпарваришгоҳ мебошад.
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвар «Тоҷикниҳолпарвар»-и дар 30 соли истиқлолият, рушди иқтисодии кишвар ва мустаҳкам гардидани амнияти озуқаворӣ саҳми арзандаи худро гузошта ҳар сол барои бунёди боғу токзорҳо дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии зертобеи корхона ба ҳисоби миёни 1 миллион бех ниҳолҳои ҳархела истеҳсол карда истодаанд.
Аз рӯи нишондодҳои корхона дар 30 соли истиқлолият зиёда аз 26 миллион бех ниҳолони ҳархелаи мевадиҳандаю ҳамешасабз, ороишӣ ва сояафкан тайёр карда ба мардум пешниҳод шудааст.
Бораи тадбирҳои иловаги доир ба рушди соҳаи боғу токпарвари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагиҳои ниҳолпарварии зертобеи корхона дар майдони 649 гектар боғҳои мевадиҳандаи содироти бунёд карда шудааст. Инчунин дар ин давра хоҷагиҳои ниҳолпарварии зертобеи корхона дар майдони 337 гектар боғи ангур бунёд карда шудааст. Аз ин ҳамасола барои барқарор кардани боғҳои кӯҳна ба бағҳои ҷавон корҳои назаррас ба чашм мерасад. Дар 30 соли истиқлолият зиёда аз 329 га боғзор ва 204 га боғҳои ангур аз нав дар ҷойҳои боғҳои кӯҳна бунёди боғи ҷавон барқароркуни гузарнида шудааст. Дар ин давра хоҷагиҳои ниҳолпарварии зертобеи корхона дар майдони 18 га боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудааст.
Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 таҳти №683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ва амру дастурҳои Вазорати кишоварзӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.
Корхона дар давоми солҳои 2010-2014 бо истифода аз маблағҳои буҷавӣ бунёди боғу токзорҳоро ба анҷом расонидааст. Дар давоми солҳои 2010-2014 дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бунёди боғу токзорҳо дар майдони 270 га ва маҳкам намудани гирду атрофи боғҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар доираи ба анҷом расонидани корҳои созандагӣ, бунёди 5 га боғи суперинтенсивиро дар хоҷагии ниҳолпарварии «Искич»-и шаҳри Ҳисор қайд кардан ба маврид аст. Боғи номбурда бо истифодаи технологияи муосир, истифодаи тагпайвандҳои пакана (карлик), шаклдиҳии ниҳолҳо бо шакли шпалер ва оберии қатрагӣ баҳори соли 2012 бунёд карда шудааст.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», соли 2018 аз хориҷи кишвар такпайвандҳои нашвии себ М-9, М-26 ва М-27 ворид карда ба хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ тақсимот карда, такпайвандҳои нашвии воридгашта ҳамчун боғи модарӣ истифода шуда истодааст.