Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоМуассисаи давлатии «Лабораторияи ҷумҳуриявии назорати иммуногенетикӣ»

Муассисаи давлатии «Лабораторияи ҷумҳуриявии назорати иммуногенетикӣ»

30.07.2023 785

Муассисаи давлатии «Лабораторияи ҷумҳуриявии назорати иммуногенетикӣ» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2008 , №428 оид ба «Тасдиқи оинномаи иммуногенетикӣ» беэътибор дониста шуд. Муассисаи давлатии «Лабораторияи ҷумҳуриявии назорати иммуногенетикӣ»-и Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиатп Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Лабораторияи ҷумҳуриявии назорати иммуногенетикӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуда бо тағйироту иловаҳо аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Муассиса фаъолияташро дар озмоиши наслгирии чорво аз гуруҳи хун ва полифоризми сафеда бо мақсади амалӣ намудани назорати генетикӣ мегузаронад. Оид ба намудҳои хуни чорво, ки дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ паҳн шудаанд маълумотҳо ҷамь намуда, онҳоро мутамарказ мегардонад. Нақшаҳои солона тартиб дода, ба хоҷагиҳо оид ба гузаронидани тадқиқоти иммуногенетикӣ шартнома мебандад, рӯйхати воридоти хунро кор карда. тадқиқоти серологиро бо мувофиқаи хоҷагиҳо амалӣ менамояд. Натиҷаи озмоишро ташхис намуда, ба хоҷагиҳои наслпарвар оид ба беҳтар намудани кори наслгирӣ маслиҳатҳои зарурӣ дода, инчунин бобати масъалаи тарзи гузаронидани ташхиси иммуногенетикӣ дастурҳо медиҳад. Муассиса дар доираи мақсадҳо ва вазифаҳои оинномавӣ ва мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ дорад фаъолияти хориҷии иқтисодиро мустақилона ба амал барорад. Амалиётҳои содироту воридотро анҷом диҳад, ба корхонаҳо ва ҷамъиятҳои мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкории илмӣ- техникӣ ва истеҳсолиро ба амал барорад. дар кори намоишгоҳ ва ярмаркаҳои байналхалқӣ иштирок кунад.

Гузаронидани сиёсати ягона дар истифода бурдани захираҳои зотӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ. Муайян намудани самтҳои асосӣ ва тартиб додани барномаҳои беҳтар кардани сифати чорво.

Ҳамкорӣ бо Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ, Институти Масоили Амнияти Биологӣ, Биотехнология ва ҶСК муштараки “Тоҷикистону Россия”, “Биорт” ва Муассисаи хушзоткунии чорво оид ба мавҷудияти реагентҳо дар ҳамкорӣ бо олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ ва Институти Масоили Амнияти Биологӣ ва Биотехнология ва ҶСК муштараки “Тоҷикистону Россия” “Биорт” ҳамкории зичро бо роҳ монда, аз Федератсияи Россия маводҳоро дастрас карда, кори озмоишгоҳро барои муайян намудани гуруҳи хуни чорво оғоз намоем.