Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоМуассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди Ҳисорӣ

Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди Ҳисорӣ

30.07.2023 785

Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ фаъолияти худро дар самти беҳтар намудани дараҷаи сифатнокии гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба роҳ мондааст.

Қайд кардан зарур мебошад, ки имрӯз 70-75 фоизи гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар хоҷагиҳои аҳолӣ дар парвариш мебошад. Бо ин мақсад мунтазам дар сектори хоҷагиҳои аҳолӣ оиди роҳҳои беҳтар кардани дараҷаи сифатнокии гӯсфандони зоти ҳисорӣ корҳои фаҳмондадеҳӣ ба роҳ онда шудааст, ки натиҷаи он сол аз сол назаррас мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Турсунзода, шаҳри Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав саршумори гӯсфандони зоти ҳисорӣ нисбати солҳои 1990-ум авзоиш ёфта, дараҷаи сифатнокиаш низ беҳтар гардидааст.

Муассиса дар намоишҳои чорвои хушзот, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида шудааст, бо пешниҳоди қушқорҳои наслии дараҷаи «Элита» ва  мешҳо ва барраҳои беҳтарини зот фаъолона иштирок намуд, ҳамасола ҷоӣҳои аввалро ишғол намуда, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Муассисаи давлатии минтақавии ҳаӣвоноти зотии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди хисорӣ (минбаъд муассиса) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2008 «Дар бораи Вазорати кишоварзии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.

Муассиса фаъолияташро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон , аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи зотпарварӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва қарорҳои ҳаӣати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур анҷом медиҳад.

Муассиса низоми мақомоти давлатиест, ки ҷуфткунони ва бордоркунии сунъии ҳаӣвоноти шохдори майда, ташкили парвариши гӯсфандони зоти ҳисорӣ барои фуру шва таъмини хоҷагиҳо бо қӯчқорҳои зотии ҳисорӣ новобаста аз шакли моликияти корхонаҳо, ташкилот, муассисаҳо ва аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил,танзим ва назорат мекунад.

Мақсади асоси аз онҳо иборат аст:

  • акмили корҳои хушзоткунӣ ва бозтавлиди чорвои маӣдаи шохдор;
  • таъмини хоҷаги давлатӣ, ҷамоавӣ, деҳқонӣ (фермерӣ) ва аҳоли бо нутфаи қучқорҳои ҳисорӣ;

Муассиса фаъолияти зеринро анҷом медиҳад:

  • якҷоя бо роҳбарону мутахасисони хоҷагиҳои давлатӣ, деҳқонӣ (фермерӣ) ва шахсони алоҳида нақшаи ҳарсолаи бордоркунии сунъии чорвои маӣдаи шохдорро тартиб медиҳад;
  • ба ташкилотҳои кишоварзӣ, фермерӣ, деҳқонӣ ва аҳолӣ расонидани ёри дар ташкил ва гузаронидани бордоркунии сунъи чорвои маӣдаи шохдор;
  • таъмири техникаҳои вобасташуда;
  • сохтмон ва таъмири биноҳои вобасташуда;
  • омода сохтан ва аз санҷиш гузаронидани асбобу ускунаҳои бордоркунии сунъи дар стансияҳо ва нуқтаҳо;
  • дар муҳлати муаӣяншуда ирсол намудани нақшаи истеҳсолӣ.

Вазифаҳои асосии Муассиса иборатанд аз:

  • назорати иҷрои барнома ва нақшаи корӣ, якҷоя бо мутахассисони Раёсати кишоварзии ноҳия, ташкилотҳо ва хоҷагиҳои дигар нақшаи кории зотрапварӣ, ҷуфтикунонӣ ва бордоркунии сунъии чорвои кишоварзӣ, ташкили.
  • саривақт гузаронидани баҳодиҳии чорво ва санҷиши чорво дар ташкилотҳо ва хоҷагиҳои дигари мавқеъ хизматрасонӣ;
  • таӣёр кардани кадрҳои нуқтаҳои бордоркунии сунъи, асистенҳои (духтурони) хизмати назорати ва баҳодиҳӣ ба сифати ҳаӣвоноти хоҷагии қишлоқро таъмин мекунад;
  • дар фермаҳои гӯсфандпарварӣ ва нуқтаҳои бордоркунии сунъи таъмин намудани қучқорҳо;
  • ҷамъ кардани қучқорҳои наслдиҳии зоти, ки дар нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ фермаҳои- чорводорӣ, ки ҳоло бордоркунии сунъи ташкил карда нашудааст
  • ташкили санҷиши чорвои наслдеҳ аз рӯи насл ва сифати он;
  • гузаронидани намоишгоҳи чорвои майдаи шохдори зотӣ;
  • аз ҳамаи хоҷагиҳои вобастаи Муассиса талаб кардани ҳуҷҷатҳо, маълумот доир ба амалӣ гардонидани вазифаҳои ба онҳо гузошташуда;
  • захираи маҳсулоти  кишоварзӣ, нигоҳдошт, аз нав кор кардан ва фуруш боровардани он;
  • парвариши гӯсфандҳои зотӣ;
  • фурӯхтани чорвои зотӣ.