Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоМуассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Хуросон оид ба парвариши зоти гӯсфанди тоҷикӣ

Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Хуросон оид ба парвариши зоти гӯсфанди тоҷикӣ

30.07.2023 712

Муассисаи давлатии минтақавии ҳайвоноти зотии ноҳияи Хуросон оид ба парвариши зоти гӯсфанди тоҷикӣ (минбаъд муассиса) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2008,  № 191 «Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон» таъсис дода шудааст.

Муассиса фаъолияташро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зоотпарварӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур анҷом  медиҳад. Муассиса низоми мақомоти давлатиест, ки ҷуфткунонӣ ва бордоркунии сунъии ҳайвоноти шохдори майда, ташкил ва парвариши гӯсфандони зоти тоҷикӣ барои фурӯш ва таъмини хоҷагиҳо бо қучқорҳои зотии тоҷиқӣ новобаста аз шакли моликияти корхонаҳо, ташкилот, муассисаҳо ва ахолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил,  танзим  ва  назорат  мекунад.

Ҳамкориҳо  бо  Институти  чорводорӣ  ва  чарогоҳи  АИКТ, ва Институти Масоили Амнияти  Биологӣ,  Муассисаи  хушзоткунии  чорво  ва  Муассисаи давлатии  «Лабораторияи ҷумҳуриявии  назорати иммуногенетикӣ»-и Вазорати  кишоварзӣ   ҳамкории  зич  дорад.