Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоМуассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»

Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»

30.07.2023 1 285

Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ» қисми таркибии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Қонунҳо ва қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва фармоишҳои Вазорати кишоварзӣ  фаъолияти худро ба роҳ  монда,  дар  пешрафти соҳаи чорводории ҷумҳурӣ саҳмгузор мебошад.

Фаъолияти Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ» дида баромадани вазъи чарогоҳҳои ҷумҳурӣ, гузаронидани маъракаи наслгирии  моли  майда дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию фермерии ҷумҳурӣ сабзиши алаф ва  захираи  хӯроки  чорвова муайян  намудани самтҳои ҳаракати чорво дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳад. 

Ҳамзамон оид ба масъалаҳои  зимистонгузаронӣ,  ҳолати  чарогоҳҳо  ва  маъракаи  наслгирӣ  ба    воситаи   шабакаҳои    телевизионии ҷумҳурӣ  6 маротиба мусоҳибаҳо доир карда шуд. 

Ҷиҳати  иҷрои  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27.03.2018,  №160  «Дар бораи Барномаи  маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»  ва дар асоси  розигии Агентӣ  аз  25.02.2021,  №1/3- 187   бо истифода аз маблағи 148960 сомонӣ  шартнома байни  Вазорат ва  ҶДММ “Успех-2010” аз 02.03.2021, №02/7 ба имзо расонида шуда, дар ҳудуди чарогоҳҳои зимистонаи  Кооперативи истеҳсолии  зотпарварии  «Сомонҷон»-и  ноҳияи  Данғара  майдони 140 гектар бо усули  коркарди   сатҳӣ беҳтар карда шуд. Беҳтаркунии чарогоҳ дар асоси қоидаҳои агротехникӣ  амалӣ  гардида, нигоҳубини ояндаи он  ба зиммаи  хоҷагидор вобаста карда шуд.   

Дар асоси банди 2-и қарори ҷаласаи васеи ҳайати мушовара  аз 15 январи  соли  2021,  №1/1,  бандҳои  1 ва  2-и  нақшаи корӣ ва тибқи Фармоиши Вазорати кишоварзӣ  аз  22.02.2021,  №31  фармоиши Муассиса ба тасвиб  ва нақша-чорабиниҳо тасдиқ карда шуд. Мувофиқи фармоиши мазкур дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҷаласаҳо ва мизи мудаввар  баргузор намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки рӯзи  26 январи соли 2021 ироа гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ дар Муассиса ва Филиалҳои минтақавӣ идома дорад.