Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоКорхонаи воҳиди давлатии “Саноати парандапарварии Тоҷикистон”

Корхонаи воҳиди давлатии “Саноати парандапарварии Тоҷикистон”

05.08.2023 986

КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” корхонаи зертобеъи Вазорати кишоварзӣ буда, дар назди он ҳисоботсупоранда мебошад. Бо Фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 113 тасдиқ шуда, 18.09.2008 бо №001-3697 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст.  

КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” Дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  супоришу дастурҳои роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парандапарварӣ” ва дигар қонунгузориҳои ба соҳа алоқамандро дар амал татбиқ намуда,  сиёсати соҳаи парандапарвариро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, пеш мебарад.  

Мақсади асосии корхона тараққӣ додани соҳаи парандапаварии замонавӣ дар ҷумҳурӣ ва дар ин замина таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти хушсифати соҳаи парандапарварии ватанӣ мебошад. Ҳамчунин корхона ҷиҳати беҳтар намудани сифати маҳсулот, беҳтар намудани зотҳои парандаҳои парваришшаванда, роҳандозӣ намудани истифодаи технологияи ҳозирзамон дар рушди соҳа, истифода бурдани ҳамаи захираҳои мавҷуда ҷиҳати тараққӣ додани соҳа, ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии корхонаҳои парандапарварӣ дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.