Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоМуассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»

Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»

05.08.2023 1 098

Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» фаъолияти самараноки стансияҳои давлатии навъсании  шаҳру ноҳияҳоро оид ба  саниши расмии навъҳои ватанию хориҷӣ, дар асоси Оиннома, тибқи талаботҳои  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ»,  «Дар бораи тухмипарварӣ» ва дастурамали «Тартиби гузаронидани санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ»  ба роҳ мондааст. 

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.06.2011, № 281 Муассиса мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ муайян гардидааст.
Муассиса аз шӯъбаҳои тухмипарварӣ ва сабзавот, банақшагирӣ, муҳосибӣ ва робитаҳои хориҷӣ, ҳуқуқ ва кадрҳо, бахши мевагиҳо ва зироатҳои техникӣ, озмоишгоҳи химико-технологӣ, намояндагиҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ, 12 стансия ва 1 қитъаи давлатии навъсанҷӣ иборат мебошад.

Дар Муассиса  63 корманд фаъолият мекунанд, аз он дар дастгоҳи марказӣ 24 - нафар, вилояти Хатлон 13- нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  4 - нафар,  вилояти Суғд 10 - нафар, ВМКБ 4 - нафар, ҳайати хурди хизматрасон 8 - нафарро ташкил медиҳад. Инчунин стансияҳо ва қитъаи давлатии навъсанҷӣ аз ҳисоби худмаблағгузорӣ дорои 43 воҳиди корӣ мебошанд ва дар мавсими киштукори зироатҳои кишоварзӣ  кормандонро ба корҳои саҳроӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ҷалб менамоянд.

Дар озмоишгоҳи химико-технологии муассиса фаъолият асосан барои муайян намудани хусусиятҳои биологӣ-морфологии зироатҳо: баромади нахи пахта, вазни 1000 донаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ, муайян намудани фоизи ширешнокии(клейковина) гандум, таркиби сафеда, крахмал ва бофта  равона карда шудаанд.

Майдони умумии замини стансияҳо  427,24 га, аз он 369,90 га заминҳои обиро ташкил медиҳад.  Аз майдони умумӣ 376,06  га заминҳои корам, 26,1 га боғот ва 25,08 га заминҳои ғайри кишоварзӣ буда, фаъолияти  онҳо ба самти илмӣ-таҷрибавӣ ва санҷиши навъҳои  нави  зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда равона карда шудааст.
 
Стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Б.Ғафуров дорои 26.63 га замин, аз он 26,41 га корами обӣ, санҷиши расмии пахта, ғалладонагиҳо ва зироатҳои хӯроки чорво. 
       
Стансияи давлатии навъсанҷии шаҳри Истаравшан дорои 31.85 га замин, аз он 21.26 га корами лалмӣ,  санҷиши расмии ғалладонагиҳо ва зироатҳои хӯроки чорво.
 
Стансияи давлатии навъсанҷии шаҳри Турсунзода дорои 36,84 га замин, аз он 34,84 га корами обӣ,  санҷиши расмии пахта, ғалладонагиҳо ва зироатҳои сабзавотӣ.

Стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Тоҷикобод дорои 35,5 га, аз он 30 га замини корами обӣ, аз он 19 га боғот, санҷиши расмии  картошка, дарахтони мевадиҳанда ва лӯбиёгиҳо.  

Стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Муминобод дорои 11 га замини корами лалмӣ, санҷиши расмии ғалладонагиҳо ва зироатҳои лӯбиёгиҳо.         

Стансияи давлатии навъсанҷии шаҳри Кӯлоб дорои 41,1 га, аз он 40,0 га замини корами обӣ, санҷиши расмии пахта, ғалладонагиҳо ва зироатҳои сабзавотӣ.  
 
Стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Вахш  дорои 125 га замини корами обӣ, санҷиши расмии пахта ва ғалладонагиҳо.       
 
Стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Балхӣ дорои 20.8 га, аз он 16,85 га замини корами обӣ, 2,4 га боғхои ҳосилдиҳанда, санҷиши расмии пахта, ғалладонагиҳо ва зироатҳои сабзавотӣ.   
 
Стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Қубодиён  дорои 39,03 га, аз он 37,31 га замини корами обӣ, 3 га боғҳои мевадиҳанда буда, ба санҷиши расмии пахта ва зироатҳои ғалладонагиҳо машғул мебошад. 
        
Стансияи давлатии навъсанҷии шаҳри Панҷакент  дорои 1 га замини иҷоравӣ ба санҷиши расмии ғалладонагиҳо ва картошка машғул мебошад

Стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Ишкошим  дорои 4,5 га замини корами обӣ, санҷиши расмии  ғалладонагиҳо, картошка ва лӯбиёгиҳо. 
        
Қитъаи давлатии навъсанҷии ноҳияи Темурмалик  дорои 25 га замини лалмӣ, ба санчиши расмии ғалладонагиҳо дар заминҳои лалмӣ машғул мебошад.  
   
Навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, ки барои  санҷиши расмӣ ба Муассиса ворид мегарданд, тибқи  меъёрҳои дар Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ” муайянгардида: навин будан, фарқкунандагӣ,  ҳамгунӣ,  устуворӣ ва аломатҳои  муфиди хоҷагидорӣ қабул ва таҳти санҷиш қарор дода мешаванд. 
   
Навъҳои ба истеҳсолот пешбинигардида бо дарназардошти бартарӣ доштан аз навъҳои стандартӣ ва дигар навъҳои киштшаванда бо хусусиятҳои ҳосилнокии баланд, баромади нах, устувор будан ба хушкӣ, хобравӣ, касалиҳо ва давраи нашъунамо барои минтақабоб намудан иҷозат дода мешаванд. Муассиса ҳифзи навъҳои растанӣ ва ҳимояи ҳуқуқи селексионерро таъмин намуда,  навъҳои навро, ки дорои аҳамияти иқтисодӣ мебошанд дар стансияҳо ва қитъаи давлатии навъсанҷии муассиса аз санҷишҳои расмӣ гузаронида, ба қайд мегирад ва минтақабоб намуда,  навъҳои минтақабобшударо дар Феҳристи давлатии навъҳо ворид ва ҳифз менамояд. 

Дар заминҳои Муассиса асосан навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, ки аз ҷониби селексионерони ватанию хориҷӣ пешниҳод мегарданд, дар муддати  2-3 сол (дарахтони мевадиҳанда то 6 сол) дар стансияҳо ва қитъаҳои  давлатии навъсанҷии шаҳру нохияҳо санҷиши расмӣ гузаронида шуда, тибқи  дастурамали “Тартиби гузаронидани санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои  растанӣ”(Бо фармони Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07. 2011, № 144 тасдиқ шудааст) дар маҷлиси Комиссияи минтақабобкунии навъҳои растанӣ барои баррасӣ ва хулоса пешниҳод карда мешаванд.

Баъд аз хулосаи  Комиссияи мазкур,  навъҳои минтақабобшуда барои кишт иҷозат дода мешаванд ва тибқи қарори Комиссия ба Феҳристи давлатии навъҳои ҳифзшавандаи растанӣ, ки барои истифода дар ҳудуди ҷумҳурӣ иҷозат дода шудааст, ворид карда шуда ба муаллифони навъҳо Шаҳодатномаи муаллифӣ дода мешавад. 

Муассиса дар якоягӣ бо олимони соҳа ҷиҳати ба кишоварзон пешниҳод намудани навъҳои ба талаботҳои навъсанҷӣ ҷавобгӯй ва аз санҷиши давлатӣ гузаронидашуда, чораҳои заруриро барои дар оянда дар истеҳсолот васеъ истифода намудан амалӣ мегардонад.        

Навъҳои минтақабобшуда ҳамасола ба Феҳристи давлатии навъҳо ворид ва нашри расмии он ба роҳ монда мешавад.

Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» минбаъд низ фаъолиятро тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат тибқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар якҷоягӣ бо олимони соҳа ҷиҳати ба кишоварзон пешниҳод намудани навъҳои серҳосилу ба тағйирёбии иқлим устувор ва ба талабот ҷавобгӯйи аз санҷиши давлатӣ гузаронидашуда, имкониятҳои заруриро барои дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ намудан, амалӣ мегардонад.