Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоМуассисаи давлатии «Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию таҳқиқотии меҳнат»

Муассисаи давлатии «Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию таҳқиқотии меҳнат»

05.08.2023 1 009

Муассисаи давлатии «Стансияи ҷумҳуриявии меъёрию таҳқиқотии меҳнат» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2008 №191 таъсис дода шудааст.

Вазифаи асосии Муассиса муайян ва татбиқ намудани меъёрҳои меҳнати кишоварзӣ мебошад.

Баҳри амалӣ намудани мақсадҳои худ Муассиса намудҳои фаъолияти зеринро ба амал мебарорад:

  • бо назардошти татбиқу тарзу усулҳои навтарин, комёбиҳои илм ва таҷрибаи пешқадам, таъсири омилҳои гуногуни меҳнат бо истифодаи меъёрҳои асосноки илмӣ барои меъёргирии меҳнат, ҷараёни меҳнатро меомӯзад;
  • тарзу усулҳои ҳозиразамони меъёргирии меҳнати соҳаи кишоварзиро таҳқиқ менамояд ва ошкор месозад;
  • меъёру қоидаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавиро якҷоя бо дастурҳои татбиқу аз бар намудани онҳо муайян мекунад ва бо тартиби муқарраршуда ҷихати тасдиқ пешниҳод менамояд;
  • ба нуқтаҳои меъёрии вилоятҳо (минтақаҳо) барои ҳуҷҷатсозии киштзорҳо фермаҳои чорводорӣ, боғот, роҳҳои дохилии хоҷагӣ ва муайян кардани коэффитсентҳои ислоҳпазири меъёрҳои кор, сарфи сӯзишворӣ бо назардошти шарҳои мушаххас (маҳаллӣ) ёрии амалӣ мерасонад;
  • дуруст муқаррару татбиқ шудан ва тағйир додани меъёри қоидаҳоро меомӯзад, ба хоҷагиҳо, нуқтаҳои минтақавӣ меъёргири барои иҷрои ин корҳо дасти ёрӣ дароз мекунад;
  • риоя шудани меъёру қоидаҳои ҷориро дар соҳаи кишоварзӣ назорат мекунад, самараи иқтисодии онҳоро меомӯзад, оид ба самарабахш гардонидани меҳнат таклифҳо пешниҳод менамояд;
  • барои асоснок кардани татбиқи дурусти меъёру қоидаҳои сарфи захираҳои моддӣ, дурустии ҳисобкарда додани музди меҳнат, тибқи навъи кор бо мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санҷишҳо якҷоя иштирок менамояд;
  • ихтиссоси коркунонро оиди меъёркунӣ дар хоҷагиҳо ва корхонаҳои дигари кишоварзӣ такмил медиҳад;
  • қисмати меъёргирии меҳнатро дар қоидаҳои (муқаррароти) музди меҳнати хоҷагиҳо кишоварзӣ месанҷад ва мувофиқа мегардонад;
  • нуқтаҳои меъёргирии минтақаҳоро бо дастурҳои методӣ, асбобу анҷом ва таҷҳизоте, ки барои меъёргирии ҷараёни меҳнат заруранд, таъмин менамояд;
  • дар асоси такмили ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва асноди муқаддамоти оид ба ҳолати меъёргирӣ дар ташкилоту муассисаҳои кишоварзӣ доир ба беҳтар кардани ин кор таклифҳо пешниҳод менамояд;
  • ташкилоту муассисаҳои кишоварзиро бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва қоидаҳои дастурамалҳо таъмин мекунад;
  • дар тартиб додани харитаи техологии зироатҳо иштирок менамояд.