Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоКВД "Маркази такмили ихтисос ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ"

КВД "Маркази такмили ихтисос ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ"

05.08.2023 1 195

Бо мақсади ташкили ҳамкориҳои муштараки мақомоти иҷроияи марказӣ, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани донишу малакаи кормандони соҳаи кишоварзӣ, такмили ихтисос, бозомузӣ, робита бо муассисаҳои таълимӣ, дастрасии навовариҳои муосир дар соҳа, адабиёти методӣ, тавзеҳӣ ва тавсиявӣ, машварати электронӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо, расонидани хизматрасониҳо дар доираи стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази такмили ихтисос ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ” таъсис дода шуда, фаъолият дорад.  
Мақсаду вазифаҳои корхона ҳамоҳангсозӣ дар тайёр намудан ва баланд бардоштани тахасуси кадрҳо, омузиш, бозомузӣ, мубодилаи таҷриба, паҳн намудани дастовардҳои илмии муосир, рушд ва ташаккули рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани малакаи кормандони соҳаи кишоварзӣ дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо технологияҳои рақамӣ, омузиши таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, гузаронидани курсҳои таълимӣ, амалисозии хизматрасониҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо ва дигар ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат мебошад.
Корхона вобаста ба самти такмили ихтисос ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ инчунин фаъолияти зеринро амалӣ менамояд:
- ташкили ҳамкориҳои муштараки мақомоти иҷроияи марказӣ, маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани донишу малакаи кормандон, бозомузӣ, робита бо муассисаҳои таълимӣ, дастрасии навовариҳо дар соҳа, пешниҳоди адабиёти методӣ, тавзеҳӣ ва тавсиявӣ, машварати электронӣ ва рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ;
- ташкили низоми иловагии таҳсилоти касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;
- таҳияи барномаҳои муосири омузишӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талабот, шароит ва хоҳиши шунавандагон;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор мониторинги омузишҳои соҳаи кишоварзӣ, баррасии модулҳои омузишии муосири техникӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти кишоварзӣ;
- ташкил ва расонидани хизматрасониҳои босифат ва касбӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- пешниҳод ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои машваратию иттилоотӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- ташкил ва истифодаи маҳзани мутахассисони варзидаи соҳа ва таҷрибаҳои беҳтарину муосири кишоварзӣ ва пешбурди он;
- андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди заминаи мусоид барои рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо технологияҳои рақамӣ;
- баланд бардоштани малакаи кормандони соҳаи кишоварзӣ дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ;
- ташкил ва муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати дастрасии кифоя ба технологияи рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- омузиш ва рушд додани бозори фуруши маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ;
- ба роҳ мондани рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ дар самти огоҳонидани кишоварзон аз вазъи обу ҳаво ва тамоюли истеҳсоли маҳсулот дар ҳамкорӣ бо Агентии обу ҳавошиносӣ;
- таъмини амборҳои замонавии сардхонаҳо ва гармхонаҳо бо технологияҳои рақамӣ барои нигоҳдории маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ;
- мусоидат дар фароҳам овардани шароити муносиб ва ташаккули ҳавасмандӣ барои фаъолият дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;
-ҷалби сармоя барои рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ;
-ташкил намудани чорабиниҳо, вохуриҳо, курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳо бо хоҷагидорон дар марказ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки ба ташаккул ва рушди донишу малака, навовариҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқии нав, таҷрибаи беҳтарин, дастгирӣ дар таҳия ва тартиб додани нақшаи тиҷоратӣ, лоиҳаи сармоягузорӣ, воситаҳои муосири идоракунӣ, маркетинг, талаботи низоми нави пардохтҳо, мушкилот бо тартибот ва бурдани ҳисоботи молиявӣ ва рақамикунонӣ равона карда мешаванд;
-ҳамоҳангсоз ва ҳамроҳии техникӣ дар баргузории семинарҳо, конфронсҳо, озмунҳо ва намоишҳо;
-ба таври шартномавӣ ташкили курсҳои кутоҳмуддати омӯзишии технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсонӣ, забонҳои хориҷӣ;
-таҳия ва паҳн намудани маводҳои тарғиботӣ, аз ҷумла роҳнамо, харитаи роҳ, китобу маҷаллаҳо, буклету брошура, роликҳо, диск, флешкорт ва армуғону туҳфаҳо;
-расонидани хизматрасониҳои сайёҳии кишоварзӣ, намоишию тарғиботӣ, роҳбаладӣ, валантиёрӣ, фарҳангию фароғатӣ, табобатию истироҳатӣ, меҳмонхонадорӣ, танзими пазироиҳои расмӣ ва корӣ;
- омузиш ва дастрасӣ ба технологияҳои рақамӣ;
- таҳия ва нашри тавсияҳо дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ;
- ба роҳ мондани фаъолияти полиграфӣ;
- фаъолият вобаста ба пешбурди рақамикунонӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- ташкил ва пешбурди маҳзани маълумоти кишоварзии рақамӣ;
- таҳия ва чопи харитаҳои рақамии кишоварзӣ;
- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар самти рақамикунонии кишоварзӣ;
- нигоҳдорӣ ва хизматрасонии серверҳои кишоварзии рақамӣ;
- бастани шартномаҳо доир ба расонидани хизматрасониҳо.