Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоМуассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон»

Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон»

30.07.2023 998

Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон»- и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1958 бо пешниҳоди Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон дар асоси Фармони Вазорати хоҷагии қишлоқи ИҶШС 17 июли соли 1958 № 189 ва қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон аз 3 июли соли 1958 № 178 ташкил ёфтааст.

Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон» дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2008  191 «Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо номгӯйи ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон» статуси юридикӣ дошта, мустақил аз ихтироъкорон  – истеҳсолкунандаи  техника ва фурӯшандаи техника дошта аз тарафи «Тоҷикстандарт» аккредитатсия гузашта лаёқати бедахолатӣ дар вақти озмоиши техника ва сертификатсияи онро дорад.

Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон» 4 озмоишгоҳи амалкунанда дорад:

  1. Раёсати муҳандиси-техникӣ
  2. Шуъбаи озмоишгоҳи тракторҳо ва баҳодиҳии иқтисодӣ
  3. Шуъбаи чену вазн ва озмоши мошинҳои кишоварзӣ
  4. Озмоишгоҳи баҳодиҳии агрономи, шароити меҳнат, санҷиши техники ва   таҳлили кимиёвӣ

Дар муассиса 36 нафар мутахассисон кор ва фаъолият мекунанд.

Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон» тибқи низомномаи худ корҳои асосии зеринро иҷро мекунад:

  • озмоиши техника ва мошинҳои эксперименталию таҷрибавӣ ва додани тавсияҳо барои истеҳсоли оммавии онҳо;
  • озмоиши мошинолотҳои кишоварзии ба таври оммавӣ истеҳсолшаванда аз нигоҳи сифат ва эътимоднокӣ;
  • озмоиши техника ва тачхизотҳои ихтироъкорони алоҳида;
  • озмоиши сифати сӯзишвориҳо ва равғанҳои молиданӣ ва ғайра;
  • санҷиши қисмҳои эҳтиётии техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ;
  • озмоиши тракторҳо ва мошинолотҳои кишоварзии аз хоричи кишвар воридшуда барои мутобиқоти онҳо ба шароити иқлими Тоҷикистон, риояи қоидаҳои бехатарии меҳнат ҳангоми кор дар онҳо, дар бораи нишондодҳои иқтисодӣ, мустаҳкам, инчунин таъсири онҳо ба муҳити зист.

Ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои кишоварзӣ ва аҳолӣ бо техника ва технологияҳои муосири босифат, сермаҳсул, каммасраф, безарар, боэътимод ва арзон зарур аст, ки намунаҳои алоҳидаи он дар шароити ҳақиқии истифодабарӣ озмуда шуда, ба талаботҳои стандартҳои минтақавӣ ва байни давлатӣ ҷавобгӯ будани онҳо муайян кардан, яке аз вазифаҳои Стансияи давлатии озмоиши мошинҳо мебошад.