Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ
Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2003, № 225 таъсис дода шудааст.
Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ фаъолияти худро дар самти муҳофизати интеграционии зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо аз зараррасону касалиҳо дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо” аз 02.01.2019 сол, №1567 ба роҳ мондааст.
Муассиса мақоми идораи давлатие мебошад, ки дар соҳаи муҳофизати растаниҳо, сабзишу инкишофи растанӣ (фенология), танзими ҳосилхезии хок ва инчунин муҳофизат аз ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо таъсис дода шудааст.
Мақсади асосии муассиса ин пешгӯӣ, паҳншавӣ ва пешгирии афзоиши касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишоварзӣ ва бо сифати баланд ба даст овардани ҳосили маҳсулотҳо мебошад.
Инчунин, гузаронидани коркарди кимиёвӣ бар зидди касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон дар ҷорӣ намудани комёбиҳои илмию техникӣ дар соҳаи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пестидсидҳо, агрокимиёҳо, расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳо новобаста аз шакли моликияташон ва дигар истифодабарандагони замин дар танзими афзоиши ҳосилхезии хок мебошад.
Ҳамзамон муассиса бо мақсади ба даст овардани ҳосили аз ҷиҳати экологӣ тоза бо парвариши ҳашаротҳои фоидаовар (энтомофагҳо) машғул мебошад, аз ҷумла ҳашароти фоидаовари
Тиллочашмак – бар зидди зиёда аз 60 намуди макандаҳо ба монанди ширинча, тортанаккана, трипс ва болиғи он, бар зидди кирмҳои ҷавони хояндагон карадинаҳо ва софкаҳо мебошад.
Трихограмма – бар зидди тухми зиёда аз 100 намуди хояндагон, кирми пахта, сабзавотҳо, боғу токзор ва лубиёгиҳо мебошад.
Хабрабракон Хебетор – бар зидди кирми тамоми намуди хояндагон, баргхуракон ва сипарболакҳо мебошад.