Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоМуассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ

Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ

30.07.2023 971

Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 02.11.2013, №498 “Дар бораи азнавташкилдиҳи Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ” дар заминаи Муассисаи давлати “Зотпарварӣ”, Муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ, бордоркунии сунъии чорво ва Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба воридот, захира ва фурӯши чорвои зотӣ, парандаҳо, моҳӣ, занбури асал ва харгӯш «Дафтари зотпарварии Тоҷикистон» муттаҳид гардонида шудааст.

Муассиса ҳамчун сохтори таркибии Вазорат фаъолияти худро дар асоси Оиннома, ки бо фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2013 №192 тасдиқ карда шудааст амал намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати мушовара, фармоишҳои Вазорат равона намуда, оид ба рушди соҳаҳои зотпарварӣ, хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии чорво тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Мутобиқи Оиннома дар тобеияти Муассиса 2 Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои зотпарварӣ ва 5 филиал мавҷуд мебошад. 

Сохтори Муассиса

Муассиса дар тобеи худ сохторҳои зеринро доро мебошад:

  • дастгоҳи марказии Муассиса
  • филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (маҳалли ҷойгиршавӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ш.Хоруғ, кучаи Ленин-56);
  • филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар вилояти Суғд (маҳалли ҷойгиршавӣ вилояти Суғд ш.Хуҷанд, к.Камоли Хуҷандӣ 51);
  • филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар минтақаи Бохтар (маҳалли ҷойгиршавӣ вилояти Хатлон ш. Бохтар к. Айнӣ-25);
  • филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (маҳалли ҷойгиршавӣ вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, к.Ленин-55);
  • филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (маҳалли ҷойгиршавӣ ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чоргултеппа)
  • муассисаи давлатии хоҷагии зотпарварии ба номи Т.Эрйигитови ноҳияи Ашти вилояти Суғд (маҳалли ҷойгиршавӣ вилояти Суғд, н.Ашт);
  • муассисаи давлатии хоҷагии зотпарварии «Машъал»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон (маҳалли ҷойгиршавӣ вилояти Хатлон, н. Вахш);

Самти фаъолияти филиалҳо:

  1. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», байни Филиал ва хоҷагиҳои зотпарварӣ, корхонаҳои зотгирӣ иҷрои уҳдадориҳои ҳатмии вазифаҳои хушзот кардан ва истифода бурдани чорвои наслдиҳандаи зотӣ.
  2. Ташкил ва пеш бурдани кори зотпарварӣ, хушзоткунӣ дар чорводорӣ, таъмини такрористеҳсолкунии ҳамаи зотҳои чорво, ташкил намудани бордоркунии сунъӣ дар хоҷагиҳои давлатӣ, ҷамоавӣ, деҳқонӣ (фермерӣ) ва бахши аҳолӣ.
  3. Муайян намудани самтҳои асосӣ ва тартиб додани барномаҳои беҳтар кардани сифати чорво.
  4. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи фонди ирсӣ ва кори зотпарварӣ, хушзоткунӣ, дар соҳаи чорводорӣ.
  5. Дар амал татбиқ намудани кашфиёти муҳими илмию техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъии чорво.
  6. Тартиб додани нақшаи солона оиди бордоркунии сунъии чорво, миқдор ва тартиби зоти чорвои наслдеҳ, ки барои бордоркунии сунъӣ истифода бурда мешавад.
  7. Амалӣ гардонидани селексияи генетикии чорвои наслдеҳ бо роҳи баҳодиҳи аз рӯи сифат, насл ва хоста гирифтану беҳкунии зотҳо.
  8. Истеҳсол ва хариду фурӯши маҳсулоти ирсӣ аз фаъолияти асосӣ ва иловагӣ ба даст омада дар ҳудуди хизматрасонии филиал.

Самти фаъолияти муассисаҳо:

  1. Ташкил ва пеш бурдани кори зотпарварӣ, хушзоткунӣ, дар чорводорӣ, таъмини такрористеҳсолкунии ҳамаи зотҳои чорво, ташкил намудани бордоркунии сунъӣ дар Муассиса.
  2. Гузаронидани сиёсати ягона дар истифода бурдани захираҳои зотӣ.
  3. Такмили корҳои зотпарварӣ, хушзоткунӣ ва бозтавлидии чорво.
  4. Нигоҳ доштан ва такмил додани зотҳои мавҷуда барои нигоҳ доштани генофонди чорво.
  5. Ҷорӣ намудани чорабиниҳо оиди зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво.
  6. Афзун намудани саршумори чорвои мавҷудбуда ва баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо.