Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаву ташкилотҳоБозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ

Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ

30.07.2023 1 326

Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2008, таҳти №191 «Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2012, №134 тасдиқ шудааст, фаъолият намуда дар давоми солҳои Истиқлолият бо мақсади бо тартиб ва ба танзим даровардани фаъолияти Бозрасӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро амалӣ намудааст.

Ҷиҳати ба танзим даровардани тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии трактору комбайнҳо ва мошинҳои худгарди кишоварзӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи Тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторӣ»-ро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намуда барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки санаи 1 июли соли 2011, таҳти №333 тасдиқ карда шуд.  Айни замон мутахассисони Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар асоси қарори мазкур техникаҳои соҳаи кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳо»-ро ҳамасола тибқи тартиби муқараргардида аз муоинаи ҳатмии техникӣ мегузаронанд.

Бо мақсади бо тартиб даровардани бақайдгирӣ ва баҳисобгирии техникаҳои кишоварзӣ  лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  тасдиқи Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳо»-ро  дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намуда барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки санаи 31 майи соли 2012, таҳти №264 тасдиқ карда шуд. Дар асоси қарори  мазкур,  мутахассисони Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ техникаҳои соҳаи кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмониро  мутобиқи тартиби муқараргардида амали менамоянд.

Дар бораи ба танзим даровардани қабули имтиҳон ва ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагии «механизатор-мошинист» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи Тартиби қабули имтиҳон ва ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагии «механизатор-мошинист»-ро  дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намуда барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки санаи 2 апрели соли 2015, таҳти №191 тасдиқ карда шуд. Дар асоси қарори  мазкур,  мутахассисони Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ бо тартиби муқараргардида қабули имтиҳон ва додани шаҳодатномаи ронандагии «механизатор-мошинист»-ро амалӣ менамоянд.

Инчунин, ҷиҳати муайян намудани теъдоди аниқ ва ба ҳисоботи оморӣ дохил намудани техникаҳои кишоварзии дар хоҷагиҳои аҳолӣ қарор дошта, мутахассисони Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Агентии омори назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру илова  ба «Ҳисобот дар бораи ҳолати техникаи кишоварзӣ ва воридоти сузишворӣ» шакли 6-мех таҳия намуданд, ки санаи 31 декабри соли 2014 дар мувофиқаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади мазкур ба имзо расида, аз соли 2015 инҷониб аз ҷониби мутахассисони Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ, маълумоти техникаҳои кишоварзии дар хоҷагиҳои аҳолӣ қарор дошта ҳар семоҳа ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, ба маълумоти омории шакли 6-мех ворид карда мешаванд.