Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМаркази матбуотВокунишҳо"Пиёз. Болоравии нарх омилҳои гуногун дорад"

"Пиёз. Болоравии нарх омилҳои гуногун дорад"

07.12.2023 219

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор ОҳистамоҳВафобекро таҳти унвони "Пиёз. Болоравии нарх омилҳои гуногун дорад" аз 31.01.2023,№ 26, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дод.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳосили баланди маҳсулоти кишоварзӣ бо риояи талаботи агротехникӣ, аз ҷумла шудгори замин, нигаҳдориву омода намудани тухмии хушсифати зироатҳо, нуридиҳиву озуқадиҳӣ, нигоҳубини зироатҳо, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасону касалиҳо, обёрӣ ва истифодаи техника ба даст меояд. Риояи ин талабот хароҷоти ба худ хосро дорад. Бидуни хароҷот гирифтани ҳосили дилхоҳ ғайриимкон аст. Омилҳои баланд гардидани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷаҳон ба хароҷоти истеҳсолии онҳо вобастагии зич доранд. Маҳз солҳои охир бо омилҳои иқтисодӣ, буҳрони молиявӣ ва бамаротиб баланд гаштани нархи маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ бевосита дар хароҷоти истеҳсолӣ ва баланд шудани арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ бетаъсир намонд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, бо назардошти талаботи истеъмолии аҳолӣ, имкониятҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ тасдиқ карда мешавад. Тибқи дурнамо, барои соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ барои кишти пиёз 17156 гектар замин пешбинӣ шудааст, ки аз он 11261 гектараш пиёзи барвақтӣ мебошад.

Соли ҷорӣ хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 16665 гектар кишти пиёз гузарондаанд, ки нисбат ба соли гузашта 2441 гектар зиёд мебошад.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 766,5 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135,8 ҳазор тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 355,3 сентнерро ташкил дод.

Болоравию поёнравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ хусусияти мавсимӣ дошта,ҳамасола чунин ҳолат дар бозори истеъмолии тамоми кишварҳои олам ба назар мерасад.

Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби мутахассисони вазорат ҳар ҳафта таҳлили нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои истеъмолӣ гузаронда мешавад. Ҳоло бошад, нархи фурӯши 1 кг пиёз дар бозорҳои истеъмолӣ аз 2,2 то 3,5 сомониро ташкил медиҳад.

Таваҷҷуҳи асосии мутахассисони Вазорат ва хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ва мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронда шудааст.

Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, аз ҷумла аз ҳисоби кишти такрорӣ, идома дошта, бо мақсади қонеъ намудани талаботи сокинон ва бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаю анборхонаҳо вобаста ба иқтидорҳои мавҷуда ҷараён дорад. Барои муътадил нигоҳ доштани нарх, фаровонии маҳсулоти ниёзи аввал ва мусоидат намудан ба сокинон дар самти захиракунии маҳсулоти озуқаворӣ Вазорати кишоварзӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мекунад, ки дар он маҳсулот то 30 фоиз арзон аз нархи бозор пешкаши аҳолӣ мегардад. Ин иқдом то охири сол идома меёбад.

Вазорат бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳои кишвар бо маҳсулоти ниёзи аввал самаранок истифода мебарад.

Ҷаббор НОСИРЗОДА, муовини якуми вазири кишоварзӣ

Санаи нашр: 05.12.2023 №: 238-239 Рӯзномаи Ҷумҳурият