Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsМулоқоти Вазири кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.12.2023 592

Санаи 05 декабри соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва амалисозии лоиҳаҳои нав дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии тағйирёбии иқлим, обёрикунӣ, эрозияи замин, рақамикунонӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон