Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

07.12.2023 736

Санаи 06 декабри соли ҷорӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҷонибҳо оид ба барои рушди ҳамкориҳои судманд ва дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳо, аз ҷумла дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии зироатҳо, пешгирии обшавии пиряхҳо, беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадам, рақамикунонии соҳа, воридоти технологияи нав, содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон