Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.02.2024 466

Санаи 5 феврали соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинол баргузор гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон вобаста ба соҳа, рушди он ва имкониятҳо маълумоти мушаххас доданд.
Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинол аз қабули самимӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар мулоқот тарафҳо оид ба воридоти тухмии зироатҳо, табодули таҷриба, содироти меваҳои тару тозаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ҳавасмандии хешро изҳор намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон