Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.12.2023 744

Санаи 05 декабри соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва амалисозии лоиҳаҳои нав дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии тағйирёбии иқлим, обёрикунӣ, эрозияи замин, рақамикунонӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон