Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоНатиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023

Натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023

26.07.2023 1 544

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар самтҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.

Афзоиш ва ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ

Андешидани тадбирҳои судманд ба он мусоидат намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 18658,7 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 13224,3 млн. сомонӣ ё 110,4 фоиз ва чорвопарварӣ 5434,4 млн. сомонӣ ё 102,4 фоизро ташкил дод.

Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 55,7 фоиз ва  бахши аҳолӣ 44,3 фоизро ташкил медиҳад.

Cуръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба нишондиҳандаи суръати рушди ҳамин давраи соли гузашта 0,7 банди фоиз афзоиш ёфт.

Дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ ба 70,9 фоиз ва чорвопарварӣ ба 29,1 фоиз баробар гардид.

Ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, асосан истеҳсоли мевагиҳо, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар зиёд гардидааст, мусоидат намуд. Аз ҷумла истеҳсоли зардолу нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 баробар зиёд мебошад. Инчунин афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли сабзавот ба андозаи 10,2 фоиз, полизӣ 5,4 фоиз ва ғалладонагиҳо 2,5 фоиз мусоидат намуд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти моҳипарварӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 43,7 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар зиёд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар самти растанипарварӣ истеҳсоли ғалладона 705,2 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2022 17,1 ҳазор тонна ё 2,5 фоиз, сабзавот 104,9 ҳазор тонна ё 10,2 фоиз, полизӣ 15,4 ҳазор тонна ё 5,4 фоиз ва мевагиҳо 69,1 ҳазор тонна ё 59,4 фоиз зиёд гардида, истеҳсоли картошка 0,4 фоиз ва ангур 4,1 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар соҳаи чорвопарварӣ бошад, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ моҳҳои январ-июни соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорво ба 100,8 ҳазор тонна баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 ҳазор тонна ё 7,3 фоиз зиёд шудааст. Аз он гӯшти паранда 23,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нишондод 3,5 ҳазор тонна ё 17,3 фоиз зиёд шудааст. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли гушти паранда 22,4 ҳазор тонна ё 94,1 фоиз ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ рост омада, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2022  3,5 ҳазор тонна ё 18,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли шир 394,1 ҳазор тонна, тухм 555 млн дона, пашм 5,2 ҳазор тонна, асал 605 тонна ва моҳӣ 1,6 ҳазор тонна истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2022  истеҳсоли шир 11,3 ҳазор тонна ё 3 фоиз, пашм 132 тонна ё 2,6 фоиз ва моҳӣ 495 тонна ё 43,2 фоиз зиёд гардида, истеҳсоли тухм 21,7 млн дона ё 3,8 фоиз ва асал 2 тонна ё 0,3 фоиз коҳиш ёфтааст. 

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷумҳурӣ ба дигар давлатҳо 103 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 24,1 млн доллари ИМА содирот карда шудааст.  Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содироти пиёз 19,6 фоиз коҳиш ёфта дар баробари ин содироти полизиҳо 47,2 фоиз, хушкмева 26,5 фоиз ва меваҷот 51,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Самти растанипарварӣ

Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ мувофиқи маълумоти оморӣ (4- кишоварз- пешакӣ) дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ кишти зироатҳои  кишоварзӣ дар 861466 гектар, аз он ғалладонагӣ дар майдони 392333 гектар, зироатҳои техникӣ 202653 гектар, картошка 58566 гектар, сабзавот 73286 гектар, полизӣ 22593 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво дар майдони 111986 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2022 кишти зироатҳои кишоварзӣ 1698 гектар, аз он зироатҳои ғалладонагӣ 1802 гектар, картошка 2474,5 гектар, сабзавот 3294 гектар  ва полизӣ 1929 гектар зиёд гардида, зироатҳои хӯроки чорво 3148 гектар ва зироатҳои техникӣ 4591 гектар кам  кишт гардидааст.

Дар ин давра кишти пахта 175695 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022, 5847 гектар кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ кишти пахта дар ҷумҳурӣ дар майдони 175965 гектар гузаронида, иҷрои дурнаморо дар сатҳи 94 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҳисоби кам кишт гардидани зироатҳои техникӣ ва зироатҳои хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ кишти зироатҳои ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот ва полизӣ зиёд гардидааст.

Тибқи дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ барои ҳосили соли 2023 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ гузаронидани кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар майдони 269,3 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ 213,7 ҳазор гектар (аз он пахта 186 ҳазор гектар), картошка 40 ҳазор гектар, сабзавот 41,2 ҳазор гектар ва полизӣ 18,7 ҳазор гектар пешбинӣ гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ кишти зироатҳои ғалладонагиро дар майдони 306,6 ҳазор гектар гузаронида, иҷрои дурнаморо дар сатҳи 113,8 фоиз, зироатҳои техникӣ 198,3 ҳазор гектар ё 92,8 фоиз (аз он пахта 175,7 ҳазор гектар ё 94 фоиз) картошка 33,5 ҳазор гектар ё 84 фоиз, сабзавот 41,2 ҳазор гектар ё 100 фоиз ва полизӣ 19,5 ҳазор гектар ё 104,2 фоиз таъмин намуданд.

Бояд қайд кард, ки барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар майдони 76672 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6230 гектар ё 8,8 фоиз зиёд буда, 78,2 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Кишти ғалладонагиҳо дар майдони 45941,1 гектар, аз он шолӣ 9869 гектар, ҷуворимакка барои дон 22282 гектар, дигар ғалладонагиҳо 13791 гектар, зироатҳои техникӣ 2009 гектар, картошка 27 гектар, сабзавот 6262 гектар, полизӣ 3764 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 18669 гектар гузаронида шудааст, ки кишти ғалладонагиҳо ба 113 фоиз, зироатҳои техникӣ 103,6 фоиз, картошка 93 фоиз, сабзавот 98 фоиз, полизӣ 101,7 фоиз ва зироатҳои хӯроки чорво ба 105,3 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар мебошад.

Рушди тухмипарварӣ

Рӯёнидани ҳосили фаровон аз захираи тухмии хушсифат вобастагӣ дошта, мувофиқи маълумоти оморӣ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳосили соли 2022, барои кишти соли 2023 ҳамагӣ 53434,4 тонна тухмии зироатҳои ғалладонагиҳо (бе ҷуворимакка) аз он гандуми тухмӣ 46710 тонна, тухмии лӯбиёгиҳо 984,4 тонна, дигар зироатҳои ғалладонагиҳо 4604,6 тонна, ҷуворимаккаи тухмӣ 1116 тонна, шолӣ 1135,5 тонна, инчунин тухмии сабзавот 55,8 тонна, тухмии картошка 70793 тонна ва чигити тухмӣ 15484 тонна захира гардида буд, ки дар мавсими кишти баҳорӣ васеъ истифода бурда шуд. Инчунин бо маблағҳои грантии ҷалбшудаи Бонки Рушди Осиё тухмии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла нахуд 54 тонна, лӯбиё 35,7 тонна, мош 71,4 тонна, наск 35,7 тонна, юнучқа 44,4 тонна ва картошкаи тухмӣ 1542 тонна харидорӣ намуда, ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шудааст.

 Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” соли 2023 ба миқдори 150 тонна чигити тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Лодос” 105 тонна, “Перла С” 30 тонна, “Аря” 15 тонна, 530 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Гала” 400 тонна, “Кроне” 130 тонна ва 3507,4 тонна нуриҳои минералӣ харидорӣ намуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ барои такрористеҳсолкунӣ дастрас карда шудааст. Аз ҳисоби фонди давлатии тухмӣ ба миқдори 60 тонна тухмии зағири равғандиҳанда харидорӣ карда шуда, ба хоҷагидорони ҷумҳурӣ пешниҳод гардид. Ҳамзамон барои кишти соли 2023 аз хориҷи кишвар ба миқдори 589,5 кг тухмии сабзавоти гибридии насли якум, чигити тухмии гурӯҳи элита 21,25 тонна ва 300 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита аз ҳисоби соҳибкорон ва шарикони рушд ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас гардидааст.

Рафти бунёди боғу  токзори  нав  ва  коркарди  кимиёви  бар  зидди  ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор

Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 837 гектар боғ ва 117 гектар токзор бунёд намуданд, ки аз майдони умумии боғ 521 гектар ва токзор 106 гектар дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин буда, бунёд карда шудааст. Инчунин дар ин давра дар майдони 1052 гектар боғҳо ва 304 гектар токзор корҳои барқароркунӣ амалӣ карда шудааст.

Барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо ниҳолҳои хушсифати мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабз хоҷагиҳои ниҳолпарварии “Тоҷикниҳолпарвар” якҷо бо иҷоракорон дар мавсими ниҳолфурӯшӣ то давраи ҳисоботӣ ба миқдори 165833 бех ниҳолҳои гуногунро ба харидорон бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд.

Рӯёнидани ҳосили ба талаботи бозори истеъмолӣ ва содирот ҷавобгӯ, аз сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ вобастагӣ дошта, бо ин мақсад дар боғу токзорҳои ҷумҳурӣ дар 91334 гектар коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтон, 97911 гектар башаклдарории дарахтон, 39429 гектар яхобмонӣ ва 60552 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст, ки ин усулҳо барои кам кардани пайдошавии организмҳои зараррасон таъсири мусбии худро мерасонад.

Мувофиқи маълумоти фаврии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ майдони умумии паҳнгаштаи зараррасонҳо 16375 гектар мушоҳида гардида, дар майдони 15274 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар озмоишгоҳи биологии “Марказ”-и муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ 3 намуди ҳашаротҳои фоидаовар трихограмма, тиллочашмак ва габрабракон ба роҳ монда дар давраи ҳисоботӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба муқобили зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 5173 гектар ҳашаротҳои фоидаовар истифода шуд, ки аз он габрабракон 1415 гектар, трихограмма 640 гектар ва тиллочашмак 3118 гектар мебошад.

Чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ

Бо мақсади пешгирии сарвақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах бо фармоиши Вазорати кишоварзӣ аз 19.01.2023, № 7 Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур санаи 28 феврал якумин ҷаласаи якҷояи Ситоди ҷумҳуриявӣ, инчунин ситодҳои минтақавӣ дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон санаи 15 марти соли ҷорӣ ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд санаи 3 апрел гузаронида шуд.

Барои пешгирӣ ва ҷиҳати аз зарароварии малах эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ ба миқдори 30150 литр заҳрдору, 19300 литр сӯзишвории дизелӣ, 17320 литр бензин, инчунин 4 адад автомашинаи обкаши ғунҷоишаш 6400 литр, 4 адад микроавтобуси мусофиркаш барои коргарони мавсимӣ, 4 адад дорупошаки автомобилӣ, 210 адад рахти хоб ва 10 адад ҳуҷраи оббозӣ (душкабина)  таъмин карда шудаанд.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Барои таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ аз гармхонаҳо ҳамагӣ 1840- тонна сабзавот, аз ҷумла помидор 825 тонна, бодиринг 543 тонна ва 472 тонна дигар намуди сабзавот истеҳсол ва ба бозори истеъмолии кишвар пешниҳод намуданд.

Самти чорводорӣ

Рушди соҳаи чорводорӣ ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухм муассир буда, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2605,6 ҳазор сар чорвои калон аз он модагов 1347,1 ҳазор сар, қутос 29,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 6610,1 ҳазор сар, асп 87 ҳазор сар, занбури асал 265,8 ҳазор оила ва 10900,9 ҳазор сар паранда парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 113,3 ҳазор сар ё 4,5 фоиз, аз он модагов 578 ҳазор сар ё 4,5 фоиз, қутос 778 сар ё 2,7 фоиз, гӯсфанду буз 333,4 ҳазор сар ё 5,3 фоиз, асп 1,9 ҳазор сар ё 2,3 фоиз ва занбури асал 14,8 ҳазор оила ё 5,9 фоиз  ва саршумори паранда 963,9 ҳазор сар ё 9,7 фоиз зиёд гардидааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 175,8 ҳазор сар чорвои калон аз он модагов 51,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 1555,9 ҳазор сар, асп 23 ҳазор сар, занбӯри асал 26,2 ҳазор оила ва 7299,4 ҳазор сар паранда парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, саршумори чорвои калон 2,7 ҳазор сар, аз он модагов 2,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 46,1 ҳазор сар, асп 595 сар, занбӯри асал 1058 оила ва саршумори паранда 810,3 ҳазор сар зиёд гардидааст.

Бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи наслгирии чорвои майда фармоиши вазорат аз 26.01.2023, №12 ба тасвиб расида, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1 июли соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 475694 сар гӯсола ва 2358037 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯсола 9051 сар ё 1,9 фоиз  ва барраву бузғола 122096 сар  ё 5,5 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 26311 сар гӯсола ва 394458 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гӯсола 1732 сар ва барраву бузғола 30123 сар зиёд мебошад.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» фармоиши Вазорат аз 20.04.2023, №51 ба тасвиб расида, Ситод таъсис дода шудааст.

Мутобиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 437238 тонна хӯроки чорво (бо воҳиди хурока) захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15525 тонна ё 3,7 фоиз зиёд мебошад.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014, №696 «Дар бораи истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ» ва Фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06.04.2023, №33 «Оид ба рондани чорво дар соли 2023» барои муташакилона рондани чорво аз чарогоҳҳои зимистонаю баҳорона ба чарогоҳҳои тобистона дар мавзеъҳои муҳим, хусусан дар сарҳадҳои байниноҳиявию байниминтақавӣ бо мақсади интиқол наёфтани ангезандаҳои бемориҳои сироятии чорво аз як ноҳия ба ноҳияи дигар ва аз як минтақа ба минтақаи дигар 21 нуқтаҳои назоратӣ фаъолият доранд, ки дар давраи ҳисоботӣ тавассути ин нуқтаҳо 3110 рама, 3249282 сар  моли майда, 104278 сар чорвои калони шохдор ва 10252 сар асп ба чарогоҳҳои тобистона бо муваффақият ронда ва ҷо ба ҷо карда шуд.

Барои ба шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон дар минтақаҳо, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва бо ин васила таъмини устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2023, №51 тасдиқ гардидааст дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад.

Бо мақсади беҳтар намудани зоти чорво дар ҷумҳурӣ 297 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, аз ҷумла 77 адад дар бахши ҷамъиятӣ ва 220 адад дар бахши аҳолӣ мавҷуд мебошад. Аз ин миқдор 7 адад ба ВМКБ, 100 адад вилояти Суғд, 119 адад вилояти Хатлон ва 71 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ рост меояд.

Мутобиқи маълумоти Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фуруши чорвои зотӣ ба ҳолати 01.07.2023 тавассути ин нуқтаҳо 21826 сар чорвои калон сунъӣ бордор карда шуда, 17301 сар гӯсолаи хушзот гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 966 сар ва 1386 сар зиёд мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат ва 4 июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон чорабиниҳои фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор карда шуд.

Парандапарварӣ 

Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2023, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 10900,9 ҳазор сар паранда парвариш ёфта, 555 млн дона тухм ва 23,8 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори паранда 963,9 ҳазор сар, гӯшти паранда 3,5 ҳазор тонна зиёд истеҳсол гардида ва истеҳсоли тухм 21,7 млн. дона коҳиш ёфтааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 21.02.2018, №1511 ва №1512 соҳаи парандапарварӣ аз пардохти андозҳо ба муҳлати 6 сол, инчунин воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардида, тадбиқи амалии имтиёзҳои мазкур ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ бахшида истодааст.

Аз рӯи маълумоти КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” айни замон дар ҷумҳурӣ 222 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд мебошад. Аз ҷумла 100 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 108 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чуҷаи якрӯза ва тухми истеъмолӣ машғул мебошанд. 

Занбӯрпарварӣ 

Соҳаи занбурпарварӣ низ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.07.2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 265,8 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, дар ин давра 605 тонна асал истеҳсол карда шудааст.

Дар доираи амалишавии барномаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии “Асали Тоҷикистон” 520 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки 290 оила занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизот, доруворӣ ва хӯрока харидорӣ гардида, ба занбӯриасалпарварони инфиродии мамлакат тақсим карда шуд. Дар баробари ин аз хориҷи кишвар барои беҳтар намудани зоти занбӯриасали дар ҳудуди мамлакат парваришёбанда 800 адад модарзанбӯри бордоркардашудаи зотҳои “карпатӣ” ва “карникӣ” ворид гардида, дар оянда аз ҳамин ҳисоб зиёда аз 10 ҳазор оилаи занбӯри асал хушзот карда мешавад.

Рушди соҳаи моҳипарварӣ

Дар натиҷаи амалишавии имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, миқдори моҳиҳои зотию такмилӣ ва истеҳсоли моҳӣ зиёд гардида истодааст. Дар ҷумҳурӣ 381 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо масоҳати 2744 га фаъолият доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта миқдори хоҷагиҳо 9 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 29 га зиёд мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ 1640 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 495 тонна ё 43,2 фоиз зиёд мебошад.

Самти техникаи кишоварзӣ

Кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз мавҷуд ва омодагии техника вобастагӣ дошта, тибқи маълумотҳои омори ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 27623 адад тракторҳо, аз он 1529 адад тракторҳои шудгоркунанда, 10658 адад испорҳои тракторӣ, 8535 адад ядакҳои тракторӣ, 3504 адад нармкунакҳо ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки айни ҳол дар ҷамъоварии ҳосил ва гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ васеъ истифода гардида истодааст.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 992 техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 218 адад зиёд мебошад.

Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрӯз 85 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шуда, фаъолият намуда истодаанд. Аз ин миқдор марказҳои хизматрасонии техникӣ 60 ададашро КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шудааст.

Дар шаш моҳи соли 2023 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзӣ ба 268 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 79 адад тракторҳои гуногунтамға ва 255 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 25581520 сомонӣ дар асоси дархосташон ҷудо намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 607901 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандон, мутахассисон ва муҳандис-нозирони вилоятиву ноҳиявии Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ камбудиҳо нисбати нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, гузаштан аз муоинаи техникии солона бақайдгузории техникаҳо дар ташкилоту корхонаҳо ва шахсони алоҳида ошкор карда шуда, ба 19 нафар роҳбарону мутахассисон ва шахсони алоҳида ҷарима таъин карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба 3736 нафар, ки аз курсҳои кутоҳмуддатӣ механизаторӣ гузаштанд, шаҳодатномаи “механизатор-мошинист” дода шуд.

Аз рӯи нақшаи корӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон” 8 намуди кор ва ташхиси техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ корҳои озмоиши анҷом дода шуд.

Дастовардҳои илмии самти кишоварзӣ

Дар муассисаҳои илмии Академия илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баҳри иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ таҳқиқотҳо тибқи 62 мавзӯи фармоишӣ, 8 барномаи байналмилалӣ ва 5 лоиҳа тибқи Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ идома дошта, дар муассисаҳои илмӣ ва зерташкилотҳои онҳо қитъаҳои таҷрибавию намоишӣ ташкил гардида, дар онҳо омӯзиши усулҳои муосири селексия ва тухмипарварии ибтидоӣ, технологияи парвариши зироатҳо ва чорвои кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бар зидди касалиҳою зараррасонҳои зироату чорво ва ғайра гузаронида шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Олимони муассисаҳои илмии АИКТ дар шаш моҳи соли ҷорӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 5 нахустпатент ва 12 шаҳодатномаи муаллифии ихтироъкорӣ, 2 хабарнома барои натиҷаи мусбати экспертизаи расмӣ, 7 арзнома ва 10 шаҳодатномаи сифати тухмии зироатҳои кишоварзӣ гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ олимони муассисаҳои илмии АИКТ оид ба масъалаҳои рӯзмарраи рушди соҳаи кишоварзӣ 169 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 5 китоб, 2 тавсияномаю дастур ва 136 мақолаи илмӣ аз чоп бароварда, ба деҳқонону мутахассисон тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Бо ташаббуси муассисаҳои илмии АИКТ 1 конференсияи байналмилалӣ, 1 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 8 семинари минтақавӣ, 26 рӯзҳои саҳроӣ, 2 рӯзи фермерӣ ва 3 мизи мудаввар гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1 рисолаи докторӣ, 9 рисолаи номзадӣ ва 33 рисолаи магистрӣ дифоъ гардида, 22 нафар докторант PhD хатм намуд, 27 рисолаи илмӣ барои дифоъ омода карда шудааст. Бо мақсади афзун намудани кадрҳои илмӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2023 дар маҷмуъ 6 нафар унвонҷӯй қабул карда шуд. Ҳоло дар бахшҳои магистратура 23 магистрант, докторантура PhD 42 докторант ва 48 нафар унвонҷӯй ба таҳсил машғуланд. Аз шумораи умумии магистрантҳо, докторант PhD ва унвонҷӯён, занҳо 34 нафарро ташкил медиҳанд. Дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ Шӯроҳои диссертатсионӣ дар назди Институти зироаткорӣ ва тиббӣ ветеринарии АИКТ фаъолият карда истодааст. 

Тайёркунии мутахассисони баландпоя дар самти кишоварзӣ

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар 10 факултети донишгоҳ 6629 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки 5290 нафар аз рӯйи 51 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 1225 донишҷӯ аз рӯйи 20 ихтисос дар шуъбаи ғоибона, 80 нафар магистр ва 34 нафар доктор аз рйи ихтисос (PhD) фаро гирифта шудаанд.

Айни замон, дар 10 факултет ва 51 кафедра (40 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи умумидонишгоҳӣ) мавҷуд аст, ки дар онҳо 381 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 6 нафар академик ва 8 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 47  доктори илм, 55 профессор ва 144 нафар номзади илм ва  боқимонда  омӯзгорони беунвон барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ, тарбиявӣ ва илмӣ  ҷалб шудаанд.

Барои таълиму тарбияи донишҷӯён 381 нафар устод, аз он 6 нафар академик ва 3 узви вобастаи АМИТ, 8 узви АИКТ, 47 нафар  доктори илм, 55 профессор ва 144 нафар номзади илм ҷалб шудаанд

Дар соли ҷорӣ донишгоҳро 1384 нафар хатм менамоянд, ки аз ин теъдод 1260 нафар бакалавр, 124 нафар мутахассис, ки аз ин 497 нафар буҷавӣ, 887 нафар шартномавӣ ва 43 нафар тибқи квотаи Президентӣ,  45 нафар магистр ва 11 нафар доктор аз рӯйи ихтисоси PhD мебошанд.

Таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа 

Баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа аз ҷониби вазорат дар нимсолаи якуми соли 2023 як қатор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти фаъолият, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030”, “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва “Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Ҳамзамон як қатор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти фаъолияти вазорат, аз ҷумла лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, №413», «Дар бораи номгӯи қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки воридот ва таҳвили минбаъдаи он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда намешаванд», «Дар бораи андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ», «Дар бораи Дастурамал дар бораи муайян намудани меъёрҳои истифодабарии техника ва қувваи корӣ (аз ҷумла корҳои дастӣ) ба як гектар замин барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ», «Дар бораи Дастурамал оид ба муайян намудани тартиб, меъёри ғунҷоиши чорво ва мӯҳлати истифодабарии чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳия гардида, дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Самти ҷалби сармоя ва ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ

Барои рушди соҳаи кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ва аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази идораи “Лоиҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо” Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» ва лоиҳаҳои “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” ва “Дастгирии ғизои мактабӣ” татбиқ гардида истодааст, ки татбиқи самаранокии лоиҳаҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Дар доираи татбиқи Лоиҳаҳои Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ аз аввали сол то давраи ҳисоботӣ 3,63 млн доллари ИМА, «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» 5,6 млн доллари ИМА ва “Дастгирии ғизои мактабӣ” 553,96 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Тақвият додани ҳамкориҳои хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Вазорати кишоварзӣ ба шумор рафта, имзои созишномаю ёддоштҳои тафоҳум, танзими мулоқотҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва иштирок дар форумҳои тиҷоратӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар давраи ҳисоботӣ мулоқотҳои роҳбарияти вазорат бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон, Сафири навтаъини ИМА дар Тоҷикистон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон, Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия, Роҳбари Намояндагии СММ дар Тоҷикистон, Роҳбари вилояти Омски Федератсияи Россия, Роҳбари Ҷумҳурии Мордовияи Федератсияи Россия, ҳайатҳои Бонки Осиёии Рушд, Бонки рушди АвруОсиё, роҳбари Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, роҳбари минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид,  Директори кишварии Хазинаи байналмилали рушди кишоварзӣ (ИФАД), Роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ танзим карда шуданд.

Айни замон, ҳамкориҳои вазорати кишоварзӣ дар доираи «Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» бо Бонки ҷаҳонӣ, дар доираи Лоиҳаҳои «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа», марҳилаи дуюми «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа», «Лоиҳаи дастгирии ғизои мактабӣ» бо Хазинаи байнамилалии рушди кишоварзӣ ва дар ҷаҳорчӯби Барномаи «Такмили амнияти озуқавории миллӣ» бо Бонки Осиёии Рушд, инчунин дар доираи лоиҳаҳои кумаки техникӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Фонди Оғохон хуб ба роҳ монда шудааст.

Бо дарназардошти ҷолишҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ яке аз самтҳои фаъолияти вазорат ҳамкорӣ бо Шарикони рушд ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, моҳи апрели соли равон дар меҳмонхонаи Хаят-Реҷенси Душанбе муаррифии Барномаи Рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2023, №54 қабул гардидааст, баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар татбиқи барномаи мазкур бо иштироки Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд доир карда шуд.

Ташкили чорабиниҳо ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.01.2023 №АП-318 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон дар соли сипаригардида, як қатор чорабиниҳои миллӣ аз ҷумла, дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе “Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ” ва санаи 25 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” баргузор гардид.

Ҷиҳати пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ ба миён овардани норасоии маҳсулот ва болоравии нархи маҳсулот бо мақсади дастгирии сокинон ҷиҳати фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, биринҷ, гӯшт, шир, тухм ва дигар маҳсулот, аз нархи бозор нисбатан 25-30% арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Таҳкими иқтидори кадрӣ ва ҳамкорӣ бо воситаи ахбори омма

Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кормандони ҷавон 8 нафар хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ ба курсҳои такмили ихтисос, 1 нафар ба магистратураи таҳсили рӯзонаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 нафар дар зинаи магистратура дар хориҷи кишвар  таҳсил доранд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии Вазорат 2 маротиба озмун гузаронида шуда, 8 нафар довталаб ба кор қабул карда шуданд, ки аз  он 2 нафарашонро занон ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳо бо воситаи ахбори омма хуб ба роҳ монда шуда, 160 мусоҳиба бо мутахассисони вазорат оид ба омодагиҳо ба мавсими кишту кори баҳорӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, агротехникаи парвариш, омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пешгирӣ аз касаливу ҳашаротҳои зараррасон, рушди соҳаи чорводорӣ, тарғиби дастовардҳои соҳа тавассути воситаҳои ахбори омма омода ва пахш карда шудааст. Дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ 130 хабару мақолаҳои гуногун доир ба соҳаи кишоварзӣ нашр гардиданд, ки бештари онҳо тавсияҳои мутахассиону олимон барои рушди соҳа буданд.

Қабул ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон таҳти назорати роҳбарияти вазорат қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ нисбати  муроҷиати 143 нафар шаҳрванд тадбирҳои судманд андешида шудааст.

Вазифаҳои вазорат барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ:

  • дар самти растанипарварӣ, саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил, гузаронидани кишти такрорӣ, захира намудани тухмии зироатҳои кишоварзӣ, омодагии ҳамаҷониба барои гузаронидани кишти сабзавот ва картошкаи барвақтӣ дар заминҳои кушод ва гармхонаҳои доимоамалкунанда, инчунин омодагиҳо ба гузаронидани кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо;
  • дар самти чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, бо истифодаи самараноки имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, марҳила ба марҳила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, тақвият бахшидани фаъолияти нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ барои афзун намудани саршумори чорвои зотӣ, вусъати корҳо дар самти муташаккилона гузаронидани маъракаи захираи хӯроки чорво ва омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023;
  • пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дароз намудани муҳлати имтиёзи андозию гумрукӣ ба соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ;
  • дар самти механикунонӣ, ҷоннок намудани фаъолияти Марказҳои хизматрасонии техникӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати дастраси ба техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ барои саривақт ба анҷом расонидани корҳои саҳроӣ;
  • дар самти илм, татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолоти кишоварзӣ ва офаридани навъҳои нави зироатҳои кишоварзии ба иқлим тобовар. 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамос: 235-39-23