Гузориш аз рафти Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфандони зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зот ва типҳои нав»
Санаи 28 июли соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати’ кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» баргузор гардид.
Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои гӯсфандпарварӣ иштирок доштанд.
Инчунин олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварии аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Украина, Белоруссия, Канада, Хитой ва Покистон ширкат варзиданд.
Кори семинарро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сулаймон Зиёзода дар суханронӣ оид ба дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳа ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалӣ, олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварии аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Украина, Белоруссия, Канада, Хитой ва Покистон суханронӣ намуданд.
Инчунин ба таври маҷози намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, олимону мутахасисони соҳа баромад карданд.
Мавриди зикр аст, ки идомаи Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» санаи 29 июли соли равон дар мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб баргузор мегардад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон